среда, 24 сентября 2014 г.

Қиссаи “Юсуф ва Зулайхо” дар фарҳанги исломӣ


Қиссаи “Юсуф ва Зулайхо” аз Қуръон (сураи 12) ибтидо гирифта, дар китобҳои таърих, тафсирҳо ва қасасуланбиё интишор ёфта, тадриҷан як рукни муҳими фарҳанги исломиро ташкил додааст, киосори мутааддиди нигошташуда ба ин мавзӯъ исботи ин андешаанд. Аз нигоҳи имрӯз фарҳанги исломӣяк ҷузъи пешрафтаи фарҳанги ҷаҳониро ташкил медиҳад, чунки осори гаронарзише, ки фарҳангиисломӣ дар маҷмӯъ эҷод кардааст, кайҳо марзу буми қаламрави давлатҳои исломиро убур намуда, ба илму фарҳанги олами ғайриисломӣ таъсири файзбахше расонидааст.
Донишманди эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб дар рисолаи боарзиши “Корномаи ислом” оид ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, чунин қайд кардааст: “Корномаи ислом як фасли дурахшони таърихи инсонӣ аст, на фақат аз ҷиҳати тавфиқе, ки муслимин дар эҷоди як фарҳанги тозаи ҷаҳонӣ ёфтаанд, балки низ ба сабаби футӯҳоте, ки онҳоро муваффақ кард ба эҷоди як дунёи тоза, барои Шарқ ва Ғарб. Қаламравиислом дар воқеъ, на Шарқ буд на Ғарб”.

Дарвоқеъ, фарҳанги исломӣ ба илму адаби ҷаҳонӣ “як фаслу як фарҳанги тозае” ворид кард, ки бад-ин нукта райбу шакке вуҷуд надорад ва фарҳанги исломӣ барои Шарқу Ғарб ва манотиқи дигар олам як дунёитозаву нав низ ворид кард, ки ҳама бар бунёди фарҳанги азими ахлоқӣ такя дорад, ки маншаи файёзи онҚуръони карим аст. Дар саросари фарҳангу адаби исломӣ нуфузи Қуръон маҳсус буда, ҳам дар услуби балоғат, ҳам дар қиссаҳо ва ҳам дар фикру ахлоқ. Аз ин ҷост, ки: “Ин адаби арзандаро ба ҳар забоне, ки ҳаст,хоҳ арабӣ ва хоҳ форсӣ, хоҳ туркӣ ва хоҳ синдӣ, ҷуз фарҳангу адаби исломӣ наметавон хонд”.

Осори зиёди илмӣ ва фарҳангиву адабӣ, ки дар макони мухталифи исломӣ, хосатан дар қаламравизабони фарсии тоҷикӣ эҷод гардидааст, ҷузъи таркиби фарҳанги умумибашарист, ки ҳамвора мавридиистифодаи аҳли илм ва татаббӯи шоирону нависандагони гуногуни олам қарор гирифтаанд, ки қиссаи “Юсуф ва Зулайхо”яке аз ин осори пурарзиши бадеӣ ва ахлоқиву таърихист.

Дар замоне, ки Қуръон нозил шудааст ва он солҳои 610 - 632 –ро дарбар мегирад, дар ҳамон минтақа седин - яҳудӣ (Аҳди қадим), масеҳӣ (ҳар ду қисмати Библия) ва бутпарастӣ амал мекарданд, ки арабҳои қабл аз ислом бутро мепарастиданд. Пайғамбари ислом Муҳаммад аз ҳар ду китоби қисматҳои Библия, албатта, воқиф буд, ки иқтибоси зиёд бештар дар Қуръон аз қисмати Аҳди қадим ба назар мерасад. Дар Қуръон бо номҳои Одам, Нӯҳ, Иброҳим ва дигарон, ки дар Библия низ омадаанд, дучор меоем, ки: “дар ин номҳотаърихе, ки дар Аҳди қадим омадааст, ба мисли таърихи Юсуфи соҳибҷамол (сураи 12), ки ба номи ӯ “Юсуф”мусаммост, инъикос ёфтааст”.

Оид ба мавқеи қиссаи “Юсуф ва Зулайхо” дар фарҳанги исломӣ донишмандон Е.Э. Бертелс, А. Массе, Ҳ. Ҳурӣ, З. Сафо, Х. Мирзозода, А. Афсаҳзод, Х. Шарифов, А. Абдусаттор, У. Ғаффорова, А. Гулиев, А. Зуҳуриддинов, С. Азорабеков, А. Зарринкӯб, А. Хайёмпур, Б. Пиатровский, З. Косидовский ва дигарон андешаҳои ҷолиб баён доштаанд, ки арзиши хуб доранд.

Сураи Юсуф (сураи 12)-и Қуръон, ки аз 111 оят иборат аст, дар Макка нозил шудааст. Дар ин сура асосан аз ҳаёту фаъолияти яке аз паёмбарон Юсуф ибни Яъқуб сухан меравад ва он мусибату балоҳое, ки ба сари ӯомадаанд ва дарду кулфати дидааш аз бародарон ва чи тавр ба чоҳ андохтани ӯву зиндонӣ шуданаш ва дар натиҷаи сабру тоқат оқибат аз зиндон халос шудан ва соҳиби мартабаи баланд гардидани ӯ ҳикоят шудааст.

Дар сураи “Юсуф” 52 маротиба номи Юсуф, 6 маротиба номи Яъқуб, ду маротиба номи Иброҳим, думаротиба номи Исҳоқ, панҷ маротиба номи Азиз, ки аз ин 4 маротиба Азизи Миср (Бутефор) ва як маротиба Азизи Миср (Юсуф) дар назар дошта шудааст, омадаанд.

Аз 111 оят оятҳои 1-2-3-и Қуръон ба саргузашти Юсуф дахл надоранд ва ояти 3-юм баёнгари номи қисса–“аҳсанулқасас” (беҳтарини қиссаҳо) аст. То ояти 102, яъне 101 оят бевосита ба саргузашти Юсуф далх дорад ва баъд аз он, аз ояти 102 сар карда, сухан дар бораи ҳазрати Муҳаммад ва мусулмониву имону мӯъминӣмеравад. Ояти 101-и сура бо дуои Юсуф ба даргоҳи Худо ва раҳмат хостану мусулмон мурдани ӯ ба охир мерасад.

Чун саргузашти Юсуф дар Қуръон ҳамчун пайғамбар дар якҷо пай дар пай омадааст, ин нукта баёнгарион аст, ки аз қиссаҳои дилнишин аст, чунки саргузашти паёмбарони дигар дар Қуръон дар ҷо-ҷое омадаанд ваин гуна як рабту пайдарҳамии сужет танҳо хоси қиссаи “Юсуф” аст.

Ин вижагӣ ба ин далел аст, ки баёни ин достон бо таваҷҷӯҳи ба вазъи хосе, ки дорад, пайванди асосии онро аз ҳам мебарад ва барои натиҷагирии комил ҳама бояд як ҷо зикр шавад, хусусан қисмати "Хоби Юсуф" ва таъбире, ки падар барои он зикр кард, ки дар оғози ин сура омада, бидуни зикри поёни достон маъние надорад. Дар охири ин сура мехонем: “Ҳангоме, ки Яъқуб ва бародарони Юсуф ба Миср омаданд ва дар баробари мақоми пуразамати ӯ қарор гирифтанд, Юсуф рӯ ба падар карда гуфт: “Ё аби, ҳаза таъвилу руъёимин қаблу қад ҷаъалаҳо рабби ҳаққан” (“Эй падари ман! Ин таъбири хоби ман аст, ки пеш аз ин дида будам, ҳамоно Худо онро рост сохт”).

Ин намуна пайванди ногусастании оғоз ва анҷоми ин қиссаро равшан месозад, дар ҳоле ки достонҳоипаёмбарони дигар чунин нест ва ҳар як аз ҷузъҳои он мустақилан қобили дарку натиҷагирӣ аст.

Дигар аз вижагиҳои ин сура он аст, ки қиссаҳои пайғамбарони дигар, ки дар Қуръон омадааст,маъмулан баёнгари шарҳи муборизаашон бо қавмҳои саркаш ва исёнкор аст, ки дар охир “гурӯҳе имонмеоваранд ва гурӯҳи дигаре ба мухолифати худ, то сари ҳадди нобудӣ ба муҷозоти илоҳӣ идома медоданд”.

Аммо дар қиссаи “Юсуф” сухане аз ин мавзӯъ ба назар намерасад ва бештар дар бораи зиндагии ибратбахши ӯ ва гузаштани ӯ аз мушкилиҳои сахти зиндагӣ ҳикоят шудааст, ки дар охир ба ҳукуматенерӯманд табдил мешавад, ки дар мисоли худ намунаи барҷаста аст.

Муҳаққиқи эронӣ Яҳёи Маҳдавӣ бо баҳрабардорӣ аз тафсири Абӯбакр Атиқи Нишопурӣ, машҳур ба“Тафсири Сурободӣ” мӯҷиби “аҳсанулқасас” хондани ин қиссаро бад-ин тарз баён доштааст: “Ва ин қиссаро “аҳсанулқасас” хонанд, зеро ки дар ин қисса зикри пайғамбарон ва басомонон аст, зикри фариштагон вапариён ва одамиён ва чаҳорпоён ва мурғон ва сияри подшоҳон ва одоби бандагону аҳволи зиндониён вафазли олимону нуқси ҷоҳилон ва макру ҳиллати занону шефтагии ошиқону иффати ҷавонмардон, нолаи меҳнатзадагон ва талаввуни аҳволи дӯстон дар фурқату вуслат ва иззу зил ва ғинову фақр ба ошиқу маъшуқва ҳуббу буғз ва андӯҳу шодӣ ва тӯҳмату безорӣ ва амириву асирӣ - ин ҳама дар ин қисса ба ҷой ояд. Ва дарин қисса илми тавҳид ва илми фиқҳ ва илми таъбири хобу илми фаросат ва илми муоширату сиёсат ва тадбири маишат ба ҳам омадаанд.

Воқеан ин қисса беҳтарин қиссаҳои ибратомӯзи олам аст, ки дар адабиёти олам осори зиёде манзумумансур ба ин мавзӯъ эҷод шудааст, ки безамина нест.

Дар хусуси ворид шудани сураи “Юсуф” ба Қуръони маҷид дар байни донишмандон ва муаррихонфикру андешаҳои мухталифе мавҷуданд. Донишмандони Аврупо ва Рус аслан ба он ақидаанд, ки оннусхабардории маҳз аз Таврот аст, чи тавре, ки муаллифони таҳқиқоти “Роҷеъ ба Қуръон” дар асари худ овардаанд: “Аммо ҳангоми қироати дақиқи Қуръон маълум мегардад, ки сураи “Иброҳим” ва ғайра ... оятикитоби “Ҳастӣ”-и Библияро такрор мекунанду халос..., гарчанде он (сураи “Юсуф”- В.Э.) ҳамчун мазмунитоза муаррифӣ мешавад, дар ҳақиқати ҳол ҳамон қиссаи машҳури библӣ мебошад дар баробари Юсуфисоҳибҷамол, ки он дар фаслҳои 37-50 - и китоби “Ҳастӣ” омадааст”.

Сураи “Юсуф” бо се ҳарфи рабт “алиф”, “лом”, “ре” А.Л.Р. оғоз мегардад, ки оғози баъзе аз сураҳоиҚуръон аст. Ҳарфҳои мустаори А.Л.Р., ки то ҳол барои муфассирон асрорашон номакшуф аст ва бисёре азмуфассирон онро рамзҳои Худову расул (пайғамбар) ва шукӯҳу азамати ифодаи ин оёт, ки дар аввали онҳоин ҳарфҳо омадаанд, медонанд.

Аз 114 сураи Қуъони маҷид 5 сура - сураҳои Юнус, Ҳуд, Юсуф, Иброҳим, Ҳиҷр бо ҳарфҳои мустаориА.Л.Р. шурӯъ мешаванд.

Рамзҳое, ки дар ҳарфҳои А.Л.Р дар ин сураҳо омадаанд, дар Қуръон чунин шарҳ ёфтаанд:

1.Сураи “Юнус”- А.Л.Р.- аз асрори ваҳйи илоҳӣ аст.

2.Сураи “Ҳуд”- А.Л.Р.- асрори ин ҳуруф назди Худо ва расул аст.

3.Сураи “Юсуф”- А.Л.Р.- ин ҳуруфи муқаттаъа румузи Худо ва расул аст.

4.Сураи “Иброҳим”- А.Л.Р.- ҳуруфи муқаттаъа, асрори Илоҳӣ аст.

5.Сураи “Ҳиҷр”-А.Л.Р.- асрори ин ҳуруф назди Худо ва расул аст

Дар ахбору қиссаҳо ва тафсирҳои исломӣ асосан ду ақида дар бобати нузул ва вуруди он ба Қуръонимаҷид аст, ки аслан шакли ривоятӣ дорад. Мисоли он ин аст, ки Сурободӣ низ дар “Қасаси Қуръони маҷид” овардааст: “Саъд ибни Абиваққос” гӯяд: “Қуръон бар пайғамбар алайҳиссалом фурӯ меомад дар Макка вапайғамбар бар ёрон мехонд, магар маломате ба табъи эшон роҳ ёфт”, гуфтанд: “Чӣ буд, агар Худои таолосурае фиристад, ки дар он сура амру наҳй набувад ва дар он сура қиссае бувад, ки дилҳои мо бад-он биёсояд. Худой гуфт, азза ва ҷалла: “Наҳну нақуссу илайка аҳсанулқасас” Инак, қиссаи Юсуф туро баргӯям, то ту барэшон хонӣ.

Муфассири “Асситин алҷомеъ лиллатоифил басотин” низ аз забони Саъд бинни Ваққос ин матлаброзикр намудааст: “Гуфтанд: - “Чӣ будӣ, агар моро аз аҳволи пешинагон қисса фиристодӣ, то моро дар мутолиаи рӯзгори эшон ибрате будӣ”.

- Ҷабраил омад ва оят овард: “Наҳну нақуссу илайка аҳсанулқасас”.

Ривояти дигар дар бораи сабаби нузули сураи “Юсуф” ин аст, ки гурӯҳе аз аҳли яҳуд ин қиссаи куҳанроаз роҳи озмоиш аз расули акрам пурсида буданд. Худованд онро аз роҳи ваҳй ба пайғамбараш боз гуфт “ваӯро аз розҳо ва резакориҳои он огоҳ сохт ва ба пурсишкунандагон посухи басанда дод, ки мояи шигифтиионон шуд”.

Дар байни мардуми мусулмон ва хосатан эронитаборон қиссаи “Юсуф ва Зулайхо” маҳбубияти хосе дорад. Лаҳзаҳои муассири он ҳар хонандаи худро ба таҳрик меоварад ва пай дар паии баёни воқеа,муҳаррикӣ ва шиддат гирифтани ҳодисаҳо ва анҷоми неки он хонанда ва шунавандаи онро аз нигоҳи ахлоқба тақводориву бо сабру таҳаммул будан водор мекунад.

Е.Э.Бертелс оид ба маҳбубияти ин қисса дар байни мусулмонон чунин таъкид кардааст: “Мусулмононба сураи Юсуф хосатан таваҷӯҳ зоҳир менамояд”.

Ҳарчанд муҳаққиқон дар бобати маҳбубияти ин қисса таъкидҳо кардаанд, вале нафароне пайдомешаванд, ки бо далоили ба худ хос ин маҳбубиятро рад мекунанд. Анри Массе дар ин бобат чунин андешае дорад, ки: “хориҷиён барои он сураи дувоздаҳумро (сураи 12-и Қуръонро- В.Э.) инкор кардаанд, ки оҳангиишқии қиссаи “Юсуф” ва зани ашрофи мисрӣ қадру қимати китоби илоҳиро паст мезанад. Онҳо ақидадоштанд, ки чунин илҳом ба Аллоҳ хос буда наметавонад”.

Муаллифи “Талбиси иблис” Абулфараҷ ибни Ҷузӣ ҳам ин рафтори хориҷиёнро ба назар доштагуфтааст: “Ин гуна воизон шаръро паси пушт андохтаанд, то колояшон ривоҷ биёбад ва пайдост, ки ҳақсангину талх аст ва ботил сабуку ширин”.

Муҳаққиқи эронӣ Ҷалоли Сатторӣ далели дигаре меоварад, ки хориҷиён “аз ин рӯ занонро аз тиловатисураи “Юсуф” бар ҳазар доштаанд”.

Ҳамин нуктаро муҳаққиқони тоҷик Ҳазратӣ М, Саидиён И., ки хориҷиён сураи “Юсуф”-ро радкардаанд, дар тадқиқоти худ чунин овардаанд: “Аз кулли мазоҳиб ва фирқаҳои дини ислом, ки 270-томебошанд, фақат хориҷиён сураи “Юсуф”-и Қуръонро рад карда буданд ва парастиши авлиёро нодуруст ҳисоб мекарданд”.

Аммо сюжети ин қиссаи ҷаззоб ва саҳнаҳои ҷудогонаи он ҳамвора шоирону адибон ва муфассиронроводор кардааст, ки ба қисматҳои манфиатбахшу судманд ва ҷанбаи баланди ахлоқии он таваҷҷӯҳи хосазоҳир кунанд ва дар ин мавзӯъ осори мондагоре эҷод намоянд. Яке аз муфассирони киром Аҳмад ибниМуҳаммад ибни Зайди Тӯсӣ оид ба ибратҳои зиёди ин қисса таваҷҷӯҳ зоҳир карда, андешаи ҷолиб баённамудааст: “Қиссаи “Юсуф” дар Қуръон мисли Таврот аз ҳикояи оддӣ иборат набуда, махзани панду андарз ва ибратҳост, ки муфассирон онҳоро чиҳил (40) қарор додаанд. Яке аз муфассирон гуфтааст: “Аввал бидон,ки ин сура ба Макка фуруд омад ва оятҳояш яксаду ёздаҳ (111) омад ва калимоташ як ҳазору ҳафт садуҳафтоду шаш (1776) омад ва ҳуруфаш ҳафт ҳазору як саду шаст (7160) омад. Дар ҳар ояте туро ба мақсудҳидояте ва дар ҳар ишорате дигаргуна башорате ва дар ҳар калимае панде ва ҳикмате ва дар ҳар ҳарфе фазлева лутфе”.

Аҳмад ибни Муҳамад ибни Зайди Тӯсӣ дар ҷои дигар аз фазилату маҳбубият ва ибрати ин қисса чунинтаъкид кардааст: “Дар он ҳадиси оворагии Юсуф ва достони дилдодагии Зулайхо ва он мояи шӯру шавқ вашефтагиву ҳаҷру васл, ки дар ин сура аст, бисёре аз нависандагон ва шоирону муфассиронро илҳом бахшида,чунон ки дар ин замина осоре гиромӣ ва арҷманд офаридааст”.

Дар баробари ин нуктаҳои ҷолиб, ки ин муҳаққиқон баён доштаанд, ибратҳову моҳияти бештаре аз инқиссаро метавон ба мушоҳида гирифт, ба мисли маводи таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ки роҷеъ ба бартариҳоиин қисса муҳаққиқи эронӣ Изаттуллоҳи Родманиш дар таҳқиқоти худ чунин андеша баён доштааст: “Оётидар сураи Юсуф куллан нозир ба сиёсат ва фарҳанги табақотӣ ва забоншиносию ахлоқ ва муҳити ҷуғрофиёиюарзишҳои ношӣ аз маъшияти саҳрогардон ва инсоншиносию равоншиносӣ ва ҳиҷрату идеолужӣ, яънемарому маслак ва қишршиносӣ аст, чунонки он сура таърихро ба ғиноӣ, ки дар ҳеч мактаби таърихии дигаремушоҳида намешавад, расонида аст”.

Воқеан ҳамин тавр ҳам ҳаст, ки муаллифону мусаннифони осори адабӣ ва ҳатто фолклорӣ ҷараёнипешрафти ҷомеаи инсониро хуб дарк мекунанд, рушди адабиёт ба анъанаҳои таърихӣ мепайвандад ваҳуҷҷатҳои ба ҳама маълуми ҳақиқӣ “дар либоси нави марбут ва унсурҳои далхдори замон нақл мегардад”.

Дар қатори ибратҳои илмиву адабӣ ва таърихии қиссаи “Юсуф” фоидаву суди ин қиссаро аз нигоҳидинӣ Муҳаммад Ҳусайни Таботабоӣ чунин таъкид кардааст: “Яке аз муфассирон гуфтаааст, ки пайғамбарМуҳаммади Мустафо фармуд: “Бандагон ва бардагони худро сураи Юсуф омӯзед, ҳар мусулмоне, ки ин сура бархонад ва зердастони худро дар омӯзад, Аллоҳ таоло сакароти марг бар вай осон кунад ва вайро қувватдиҳад дар дин, то бар ҳеч мусулмоне ҳасад набарад”.

Муҳаққиқи рус М.Б. Пиатровский дар таҳқиқоти худ “Ҳикоёти Қуръонӣ” сабаби дохил гардидани қиссаи “Юсуф”-ро ба Қуръон ва мазмуни онро, ки ба таърихи рисолати Муҳаммад пайғамбар бисёр умумиятдорад, таъкид мекунад, чунки пайғамбар ҳангоми таблиғи дини ислом ба азобу шиканҷаҳои зиёд дучоргардида буд ва ҳатто хешовандонаш аз қабилаи қурайш ба ӯ бовар надоштанд. Муҳаммад пайғамбар “мисли Юсуф баъд аз ранҷу азоби зиёд ба муваффақият ноил шуд, чунончи Юсуф баъди ранҷу азоб ба мартабаипешвоӣ ва пайғамбарӣ расид”.

Қиссаи “Юсуф ва Зулайхо” дар фарҳанги исломӣ бо вуруди худ як гӯшаи ин фарҳанги азимро шодобгардонидааст. Китоби муқаддаси ислом Қуръон танҳо китоби баёни қиссаҳо намебошад, чунки қиссаҳо дартаркиби ин китоби осмонӣ зиёданд ва дар матни он номи бисту шаш пайғамбар - Одам, Нӯҳ, Идрис, Ҳуд,Солеҳ, Иброҳим, Лут, Исмоил, Исҳоқ, Яъқуб, Юсуф, Аюб, Шуайб, Мӯсо, Ҳорун, Залкифл, Довуд, Сулаймон,Илёс, ал-Ясаъ, Юнус, Узайр, Закариё, Яҳё, Исо ва Муҳаммад омада, оид ба аксари онҳо қиссаҳо нақл ёфтаанд.

Қуръон сарчашмаи ҳидоят аст ва “қисса дар он чун воситаи ифодаи ормонҳои ҳидоятии ин китобимуқаддаси осмонӣ хидмат намудаст”.

Муаллифи китоби “Достони пайғамбарон” дар мавриди мафҳуми қисса дар Қуръон ва аз назари Қуръончунин гуфтааст: “Қисса дар Қуръон ва аз назари Қуръон хабару саргузашти ҳаққу воқеъ ва содиқе аст,мубтанӣ бар дониши илоҳӣ, ки барои густариши андешамандӣ ва эҷоди ибрат дар хирадмандон тавре баёнмешавад, ки шунаванда ё хонанда онро дунбол мекунад”.

Қиссаи “Юсуф ва Зулайхо”, ки дар таркиби Қуръон аст, қиссае хушк ва дур аз дороиҳои ҳунарӣ нест. Дар ин қисса шеваи баён ва офаринишҳои ҳунарӣ мавқеи хоса доранд.

Халил Парвинӣ дар робита ба ин масъала чунин навиштааст: “Аввалин гом дар шинохти мафҳумиқиссаи қуръонӣ ин аст, ки бидонем достон дар он монанди соири мавзӯъҳо абзоре дар хидмати аҳдофи динӣва ҳидоятӣ аст. Бешак, ин сухан ба маънои он нест, ки дар достонҳои Қуръон офаринишҳои ҳунарӣ роҳнадорад. Балки Қуръон саросар ҳунар аст ва ҳунари он аз навъи ҳунари илоҳӣ аст ва бетардид достонҳои оназ муҳимтарин вуҷӯҳи эъҷози адабӣ ва ҳунарии ин китоби осмонӣ аст”.

Ин шеваи баёни ҳунармандонаи қиссаҳои Қуръонӣ сабаби асосӣ бар ҷалби мухотаби муайян вафарогирии ӯ бар пайгирии саргузашту воқеаҳои он қарор гирифтааст.

Алии Мӯсавии Гарморӯдӣ баёни хусусиятҳои ҳунарии қиссаҳои Қуръониро вобастаи наҳваи баёни ондонистааст: “Дар қиссаҳои Қуръон офариниши ҳунарӣ танҳо наҳваи баёни қисссаҳо бозмегардад ва дар онмавзӯю тиму шахсиятпардозӣ ва оксиунҳову эпизодҳову ҳодисаҳои тахайюл ва офариниши зеҳнӣ роҳнадорад, зеро қиссаҳои Қуръон ҳақ асту воқеъшуда аст”.

Қиссаи “Юсуф ва Зулайхо”, ки аз рухдодҳои воқеӣ ва ашхоси воқеӣ ҳикоят мекунад, бо забони бисёрзебову фасеҳ баён гардидааст, ки дар мисоли қиссаи дигари олам назари кам дорад.

Халил Парвинӣ оид ба ин нукта чунин гуфтааст: “Достонҳои Қуръон, аз ҷумла қиссаи “Юсуф” сохта ва пардохтаи аносири маҷҳулу хаёлӣ нест, балки ба воқеъиятҳои таърихӣ бар асоси гузиниши рухдодҳо,шахсиятҳову муҳитҳои муносиб пардохтааст ва ба ҷои офариниши зеҳниву хаёлӣ, сеҳри баён, забони ҷаззобумуҳкам, офариниши ҳунари дар баёни саҳнаҳо ва гузиниши вожаҳову шеваи таъбир ва тасвирҳои зиндавупӯёи Қуръон аст, ки дар тӯли таърих фусаҳову булағои арабу ғайриарабро ба ҳайрат водоштааст”.

На ҳамаи қиссаҳои Қуръон ба таври муттасил ва пайваставу муфассал нақл шудаанд. Аз байни қиссаҳоиҚуръон, ки мансуб ба анбиё мебошад, танҳо қиссаи “Юсуф” аст, ки ҳама мазмуни он дар якҷоягӣ нақлгардидааст. Достони мазкур “бо оне ки оёти аввалини сура ва даҳ ояти поёнӣ аз сӯе алоқа бо қисса доранд, батариқи ҷудогона ва хос ба мавзӯи худ аз ояти чаҳорум то ояти саду якуми ин сура муттасил нақл ёфтааст”.

Қиссаи “ Юсуф” дар Қуръон чунин ба охир мерасад: “Лақад кона фи қасасиҳум ибратиҳи ло валоалбоби мо кона ҳадисан юфтара валакин тасдиқаллази байна ядаяҳа ва тафсила кулли шайъин ва ҳуда вараҳматан ли қавмин юъминуна”.

“Ба дурустӣ, ки дар қиссаи пайғамбарон барои соҳибхирадон панде ҳаст. Қуръон сухане нест, ки барбофта бошад, валекин тасдиқкунандаи он чӣ аст, ки пеш аз вай аст ва баёнкунандаи ҳар чиз ва ҳидоят вабахшоиш барои муъминон аст”.

Ҳамин тавр, қиссаи “Юсуф ва Зулайхо” дар фарҳанги форсии тоҷикӣ, ки ҷузъи файзбахши фарҳангиисломӣ мебошад, ҷойгоҳи сазовор дорад. Ба ин қиссаи машҳур тафсиру таъбирномаҳои зиёд нигошта шудаанд, ки нусхаҳои мутааддиди онҳо мавҷуданд.

Чун дар садсолаи охир тарҷумаи Қуръон ба назм роиҷ гардид, тарҷумаи сураи “Юсуф” ба назм низ баназар мерасад, ки намунаи охирини ин “Тарҷумаи Қуръони карим ба назм” аз ҷониби мутарҷими эронӣМуҳаммад Шоиқи Қумӣ, Теҳрон, 1381 ҳ.ш. (2004 м.) анҷом пазируфтааст, ки тарҷумаи сураи Юсуф дарсаҳифаҳои 235-248-и ҳамин китоб омадааст. Ин тарҷума ба назм дар баҳри мутақориб нигошта шудааст.

Фарҳанги исломӣ бо чунин достонҳову кутуби дигар, ки аз замони эҷодашон солиёни зиёд гузаштааст,фарҳанги умумибашариро серобу ғанӣ гардонидааст, ки ин фарҳанг дар гузашта ва имрӯз ҳам барфарҳангҳои дигар таъсири маънавии воқеӣ дорад ва ҷазобии маънавии он ҳамеша ба назармерасад.

Вафо Элбоев, докторанти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 
Манбаъ: Маҷаллаи "Дин ва ҷомеа"