среда, 24 сентября 2014 г.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва тариқати Нақшбандия


Нақшбандия аз пешқадамтарин ва сернуфузтарин ҷараёнҳои тасаввуфӣ дар Осиёи Марказӣ ва Хуросон аст, ки дар садаи 14 бо кӯшиши Баҳоуддини Нақшбанди Бухороӣ таъсис ёфтааст. Асосҳои идеявии ин силсила дар заминаи таълимоти орифи садаи 12 Абдулхолиқи Ғиждувонӣ устувор шуда, Баҳоуддин ва пайравони ӯ ин таълимотро такмил додаанд.
Дар садаи 15, яъне дар давраи Темуриён ин силсила дар ҳудуди васеъе аз манотиқи тобеи ин ҳукумат интишор ёфт ва таъсири пешвоёни он ба ҳадде буд, ки давлатмардонро низ зери нуфуз қарор дода буд. Аз амир Темур сар карда, хонадони темурӣ ба машоихи кибори сӯфия эҳтиром қоил буданд ва худи Темур ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуд, ба зиёрати машоих ва ё мақбараи орифони гузашта мерафт. Дар тавсеаи дастгоҳи ҳукумати Темуриён низ нақши машоихи сӯфия, махсусан пешвоёну пайравони Нақшбандия басо бузург буд. Ба назари донишманди урупоӣ Леонардо Люзан он чи пояҳои салтанати Темуриёнро қувват бахшид, се ниҳоди иҷтимоӣ: шариат, муассисоти авқоф ва тариқатҳои сӯфия буд.

Иртиботи Мавлоно Ҷомӣ бо тариқат ва пешвоёни силсилаи Нақшбандия, тавре ки худи ӯ қайд кардааст, ҳанӯз аз даврони кӯдакии ӯ дар муҳити хонавода ва ошноӣ бо яке аз бузургони ин силсила Хоҷа Муҳаммади Порсо оғоз шудааст. Вохӯрии Абдурраҳмони ҷавон бо Хоҷа Муҳаммади Порсо умре ӯро таҳти таъсир қарор дода будааст. Ин воқеаро Ҷомӣ дар “Нафаҳот-ул-унс” муфассал тасвир намудааст.

Ҳамчунин вохӯрӣ бо Мавлоно Фахруддини Луристонӣ, ки аз машоихи кибори ин тариқат будааст, дар синни 4-солагии эшон сурат гирифтааст. Ғайр аз ин Мавлоно Ҷомӣ бо бузургони тариқати Нақшбандия, чун Хоҷа Бурҳонуддин Абунасри Порсо, Шайх Баҳоуддин Умар, Хоҷа Шамсуддин Муҳаммади Кусувӣ, Мавлоно Ҷалолуддин Абуязиди Пуронӣ, Мавлоно Шамсуддин Муҳаммади Асад, Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор машҳур ба Хоҷа Аҳрори Валӣ дидор дошта, ба суҳбати эшон мушарраф шудааст. Махсусан дидор ва суҳбатҳои мукаррар бо Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор барои Мавлоно Ҷомӣ дар омӯзиши таълимоти Ибни Арабӣ бисёр муфид будааст.

Агар зиндагии Ҷомиро ба се давра тақсим кунем, марҳилаи аввал давраи кӯдакию донишандӯзӣ, марҳилаи дувум пайвастани ӯ ба тариқати Нақшбандия ва марҳилаи сеюм ҳосилу дастоварди ду марҳилаи аввал, яъне марҳилаи таълифу тасниф аст.

Дар марҳилаи дувум, пас аз таҳсили мадрасаву такмили дониш назди донишмандони машҳури Самарқанд, Мавлоно Ҷомӣ ба Ҳирот баргашта, дасти иродат ба домани Шайх Саъдуддини Кошғарӣ зад ва муддате ба риёзату муҷоҳидат дар касби мақомоти ирфонӣ машғул шуд. Вале аз ин кори Ҷомӣ донишмандони замон ҳайрон ва то ҳадде норозӣ буданд. Чунончи, ба ривояти Фахруддин Алии Сафӣ “Мавлоно Шаҳобуддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ баъди гирифтории эшон (Ҷомӣ-М.Н.) ба суҳбати Мавлоно Саъдуддин чунин мегуфтаанд, ки дар ин муддати понсад сол як марди соҳибкамол дар миёни донишмандон аз хоки Хуросон сар бармезад, хидмати Мавлоно Саъдуддини Қошғарӣ роҳи вай заданд”.

Ҳамчунин мударриси маъруф Абдурраҳими Кошғарӣ гуфтааст: “То Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ тарки муомила накарданд ва рӯй ба тариқи сӯфия наёварданд, моро яқин нашуд, ки беҳтар аз мутолиа ва таҳсили улуми расмӣ коре дигар мебошад ва фавқи мартабаи донишмандӣ амре дигар мебудааст, вақте вай тариқаи дарвешон (Хоҷагон) ихтиёр кард, бартарии ин тариқат маълум шуд ”.

Вале бузургони Нақшбандия аз вуруди Ҷомӣ ба ҳалқаи онҳо хеле шод шуданд. Чунончи, Мавлоно Саъдуддини Кошғарӣ пайвастани Ҷомиро ба тариқати Хоҷагон миннати Илоҳӣ дониста, мартабаи донишмандии ӯро қадр мекард ва фармуд, ки “имрӯз шаҳбозе ба дом афтод. Ҳақ субҳонаҳу ба суҳбати ин ҷавони Ҷомӣ бар мо миннат ниҳод”.

Пас аз фавти Кошғарӣ Мавлоно Ҷомӣ чун ҷонишин бар маснади пешвоии ин тариқа дар Ҳирот нишаст, вале “таҳаммули бори шайхӣ надорам”- гуфта, аз масъулияти тарбияти муридон дурӣ меҷуст.

Баъди вафоти Кошғарӣ пири суҳбати Мавлоно Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор машҳур ба Хоҷа Аҳрори Валӣ буд. Ихлос ва алоқаи Ҷомӣ ба Аҳрори Валӣ ба ҳадде буд, ки маснавии “Туҳфат-ул-аҳрор”-ро ба ӯ бахшид ва дар осори дигари худ аз ӯ бисёр ёд кардааст.

Ба ҷуз ин ду нафар пирони тариқат ва суҳбат Мавлоно Ҷомӣ аз бузургони дигари тариқати Нақшбандия, чун Баҳоуддини Нақшбанд, Мавлоно Низомуддини Хомӯш, Хоҷа Алоуддини Аттор, Хоҷа Муҳамади Порсо, Сайидамири Кулол ва дигарон дар “Нафаҳот” ва дигар осори худ ёдоварӣ ва суханони онҳоро шарҳу тафсир кардааст.

Тавре ки аз осори Мавлоно Ҷомӣ бармеояд, ба ин силсила иродату муҳаббати хос дошт ва “кулли рисолот ва кутубе, ки Мавлоно Ҷомӣ дар тасаввуф таълиф кардааст, бар сабку равия ва таълимоти Нақшбандия аст”.

Мавлоно Ҷомӣ доир ба ин силсила рисолаи хурде бо номи “Рисолаи шароити зикр” ё худ “Рисолаи тариқи хоҷагон”-ро навиштааст.

Бояд қайд кард, ки муассисону пешвоёни силсилаи Нақшбандия ташаббусеро, ки Ғаззолӣ пештар дар амри наздик кардани тасаввуф ва ирфон бо шариат анҷом дода буд, идома доданд. Дар наздик шудани робитаи ин силсила бо ҷомеа аввалан хидмати Абдулхолиқи Ғиждувонӣ бузург аст ва баъдан Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд низ ин иқдомро пайгирӣ ва устувор кард. Чунончи, Хоҷа Баҳоуддин мефармояд: “Тариқати мо муҳаббат аст, дар хилват шуҳрат аст, дар шуҳрат офат аст, пас хайрият дар ҷамъият аст ва ҷамъият дар суҳбат аст”.

Ин силсила дар миёни тариқатҳои мутааддиди сӯфия бештар ҷанбаи иҷтимоӣ дорад. Бузургони ин силсила барои рафъи ноадолатию зулм бар раият ва анҷоми муассири амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бо салотин ва давлатдорон робитаи устувор барқарор намуданд. Аз ин рӯ, пешвоёни ин силсила дар замони ҳукумати Темуриён иртибот бо салотину ҳокимонро як вазифаи иҷтимоии худ медонистанд.

Усул ва таълимоти Нақшбандия бар ҳашт поя бунёд ёфтааст, ки бо таъбироти зайл ифода ёфтаанд: ҳуш дар дам, хилват дар анҷуман, сафар дар ватан, назар дар қадам, ёдкард, бозгашт, нигаҳдошт, ёддошт. Ин усулҳои бунёдии силсилаи Нақшбандия дар осори пешвоёну пайравони он бо вузӯҳ зикр шудаанд. Мавлоно Ҷомӣ низ дар маснавии “Туҳфат-ул-аҳрор” ин асосҳои таълимии Нақшбандияро дар фасли “Дар манқабати Хоҷа Баҳоулмиллата ва-д-дин ”чунин баён кардааст:

Роҳнамои сафар андар ватан,
Аксҳоилватии доираи анҷуман.
Кам зада бе ҳамдамии ҳуш дам,
Дарнагузашта назараш аз қадам.
Баски зи худ карда ба суръат сафар,
Бознамонда қадамаш аз назар.


Усули асосии таълимоти Нақшбандия иборат аз тобеияти комил аз суннати паёмбар(с) дар амал ва эътиқод ба аҳли суннат ва ҷамоат аст. Бинобар ин, пешвоёни Нақшбандия пайравони худро аз бидъат дур нигоҳ медоштанд. Онҳо дар сайру сулук ва касби мақомоти сӯфия муридонро аз худнамоию риёкорӣ барҳазар медоштанд. Чунончи, ба ҷои зикри ҷалӣ, яъне ошкор, зикри хуфя, яъне пинҳонро талқин мекарданд, зеро дар зикри ошкор гоҳе осори риёву худнамоӣ зоҳир мешуд ва иҷтимоъро аз худ мерамонд.

Мавлоно Ҷомӣ низ ҳамин амр, яъне зикри хуфяро тарғибу талқин намуда, онро бар зикри ҷаҳр тарҷеҳ медиҳад.Чунончи, дар маснавии “Силсилат-уз-заҳаб”, ки аввалин маснавии шоир аст ва Ҷомӣ дафтари аввали достонро бо таъсир ва барои таблиғи оро ва ақоиди Нақшбандия навиштааст, дар ин бора менависад:

       Зикр ганҷ асту ганҷ пинҳон беҳ,
       Ҷаҳд кун, доди ганҷи пинҳон деҳ.
       Ба забон гунг шав, ба лаб хомӯш,
       Нест маҳрам дар ин муомила гӯш...


Ҳамчунин дар ин силсила тарки дунё мамнӯъ буда, сӯфиён маваззаф сохта шудаанд, ки шуғли дунёӣ дошта бошанд ва аз ин тариқ ҳам худу аҳлу аёлро таъмин созанд ва ҳам ба ниёзмандон кӯмак расонда тавонанд.

Дар ин маврид низ шоир ба сӯфиёне, ки аз ҳисоби мардум муфт мехӯранду шуғле надоранд, бо назари интиқодӣ менигарад:
    
       Ҳазар аз сӯфиёни шаҳру диёр,
       Ҳама мардумдаранду мардумхор.
       Корашон ғайри хобу хӯрдан не,
       Ҳечашон фикри рӯзи мурдан не.


Пешвоён ва пайравони силсилаи Нақшбандия ҳама пайрави мактаби “ваҳдати вуҷуд”-и Ибни Арабӣ буданд ва Ҷомӣ низ бо пайравӣ ба эшон муътақид ба мактаби Ибни Арабӣ буд. Дар суҳбатҳое, ки бо Хоҷа Аҳрор дошт, бештар мавзӯи суҳбати эшон осори Ибни Арабӣ, бахусус “Футӯҳоти Маккия” ва “Фусус-ил-ҳикам” буд. Худи Ҷомӣ низ бар “Фусус-ал-ҳикам”-и Ибни Арабӣ шарҳ навиштааст. Рисолаи “Шарҳи рубоиёт”-и ӯ низ дар шарҳи ақоиди ваҳдати вуҷуд иншо шудаааст. Инчунин “Рисолаи ноия”-и Мавлоно Ҷомӣ дар шарҳи байтайни “Маснавӣ”-и Мавлоно ба шеваи мактаби Ибни Арабӣ навишта шудааст. Рисолаҳои “Ашиъъат-ул-ламаот” дар шарҳи “Ламаот”-и Ироқӣ ва “Лавоеҳ”-у “Лавомеъ” ва чанд асари дигарро низ Ҷомӣ бо машраби Ибни Арабӣ навиштааст.

Ин ҳама нишондиҳандаи он аст, ки пайвастани Ҷомӣ ба силсилаи Нақшбандия ва хидмати ӯ дар ин росто такмили ин тариқа ва баланд бардоштани ҷанбаи илмии он шуд.

Ҳамин тариқ, Мавлоно Ҷомӣ дар осори худ муҳимтарин усулҳои таълимоти Нақшбандияро дарҷ карда, барои тарвиҷи ҷанбаҳои мусбати ин таълимот дар миёни аҳли фазлу адаб ва алоқамандони тасаввуфу ирфон саъю талош варзидааст, ки боиси баланд гаштани пояи илмии он гардид.

Низомов Муҳриддин-докторанти ДМТ 
Манбаъ: Маҷаллаи "Дин ва ҷомеа"