среда, 24 сентября 2014 г.

Хорҳои одамхӯр ё қиссае аз рӯзгори ҳиҷрат


Ду рӯз боз аз Қундуз ҳезуми фурӯшӣ намеоварданд. Захираи он дар шифохонаи Майдони ҳавоӣ, урдугоҳи муҳоҷирини тоҷик, тамом шуда буд. Бе хӯроки гарм мондани беморону бе оби ҷӯшон асбобу васоити ҷарроҳӣ ҳеҷ мумкин нест, - аз дил гузаронд мудири хоҷагии дармонгоҳ Сабур. Субҳи барвақт баъди хондани намози бомдод ӯ ба занаш гуфт, ки ҳамроҳи писараш Зокирҷон барои ҳезум меравад. Як ду дарза хор овардан даркор, ҳезум тамом шудааст.

Нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар Сулҳи тоҷикон



Дар бораи фаъолияти низомии Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамчун фармондеҳи бемислу монанди асри XX ва аввали XXI муаллифони мухталиф дар ҷаҳон садҳо асарҳои хурду калонҳаҷм навиштаанд. Бинобар шоҳидии таҳлилгарони низомиву олимони илми ҳарбӣамалиётҳои низомие, ки таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд сурат гирифтаанд, метавонад ҳамчун намунаи олии маҳорати қумандонӣ дар китобҳои дарсӣворид шуда, дар донишгоҳҳои низомии кишварҳои бузургтарини ҷаҳон омӯхта шаванд ва ин кор аллакай дарҷараён аст.

Қиссаи “Юсуф ва Зулайхо” дар фарҳанги исломӣ


Қиссаи “Юсуф ва Зулайхо” аз Қуръон (сураи 12) ибтидо гирифта, дар китобҳои таърих, тафсирҳо ва қасасуланбиё интишор ёфта, тадриҷан як рукни муҳими фарҳанги исломиро ташкил додааст, киосори мутааддиди нигошташуда ба ин мавзӯъ исботи ин андешаанд. Аз нигоҳи имрӯз фарҳанги исломӣяк ҷузъи пешрафтаи фарҳанги ҷаҳониро ташкил медиҳад, чунки осори гаронарзише, ки фарҳангиисломӣ дар маҷмӯъ эҷод кардааст, кайҳо марзу буми қаламрави давлатҳои исломиро убур намуда, ба илму фарҳанги олами ғайриисломӣ таъсири файзбахше расонидааст.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва тариқати Нақшбандия


Нақшбандия аз пешқадамтарин ва сернуфузтарин ҷараёнҳои тасаввуфӣ дар Осиёи Марказӣ ва Хуросон аст, ки дар садаи 14 бо кӯшиши Баҳоуддини Нақшбанди Бухороӣ таъсис ёфтааст. Асосҳои идеявии ин силсила дар заминаи таълимоти орифи садаи 12 Абдулхолиқи Ғиждувонӣ устувор шуда, Баҳоуддин ва пайравони ӯ ин таълимотро такмил додаанд.